Пас аз чандин сабуриҳо, – Лоик Шерали

Пас аз чандин сабуриҳо,
Ту аз дур омадӣ, аз дури дуриҳо
Нигоҳат ташнагиҳои муҳаббат дошт,
Садоят ташнагиҳои саодат дошт.

Пас аз он пурғуруриҳо,
Ту аз дур омадӣ, аз дури дуриҳо,
Зи худ вораставу бо дил напайваста –
Дили сад бор бишкаста…

Пас аз он бевафоиҳо,
Зи ҷони худ ҷудоиҳо
Маро дарёфтӣ аз шеърҳои дардолудам,
Ки аз дурии ту ҳам ҷону дил, ҳам хома фарсудам.

Пас аз чандин ғам овардан,
Пас аз қадди расоямро хам овардан,
Чӣ гӯям баҳри таскину тасаллоят?
Чӣ посух месазад баҳри таваллою тазарроят?

Чӣ гӯям, эй умеди мурдаи ман,
Ки ишқи одамӣ ҳам мисли ҷони одамӣ як бор мемирад.
Дигар эҳё нахоҳад шуд,
Дигар он гумшуда пайдо нахоҳад шуд.

Агар дар шеърҳои ман маро дидӣ,
Агар худрову ишқи бебарори мурдаро дидӣ,
Ба зону бар замин биншину омин кун,
Зи ашки лолагун рухсора рангин кун.

Ва бар ман бин миёни байтҳои дардолудам,
Ки вақте ошиқат будам,
Ки қадрашро надонистӣ
Ва ё дарвақт донистан натонистӣ…

Агар хоҳӣ, бигӯям бо ҳама овоз,
Ки аз он шеърҳои пур зи сӯзу соз,
Ҳама фармуди ишқи номуроди туст,
Ва ҳам аз ман дуои шодбоди туст!

[1986]

Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *