Чун дарахтон дӯст дорам ман заминро, – Лоик Шерали

Чун дарахтон дӯст дорам ман заминро, Ҳамчу пирон дӯст дорам зиндагониву замонро. Чун гули вартоҷ дорам дӯст Офтобу нури онро, То пазад дар гармии ӯ…

ادامه مطلب

НӮШБОД – Лоик Шерали

НӮШБОД Ба дастам ҷоми хайёмӣ, Лаболаб ҷоми гулфоме. Дар ӯ ёди ниёгон аст, ҳам ашки бузургон аст, Дар ӯ шаҳди замину шуълаи хуршеди тобон аст….

ادامه مطلب

Ин кӯҳи чу шоири хаёлӣ, – Лоик Шерали

Ин кӯҳи чу шоири хаёлӣ, Ин сояи дар хамӣ шикаста Симчӯби қатору дар сари сим Гунҷишки қатор шадда баста. Ин домани песабарфи куҳсор Чун гӯшаи…

ادامه مطلب

ҶОНКАНИИ БОғ – Лоик Шерали

ҶОНКАНИИ БОғ Надонистем, ҳайфи мо, Нафаҳмидем, ҳайфи мо, Ки тӯфон аз чи сӯе бо чӣ қасду бо чӣ нируе ба сӯи боғи мо тӯфид? Ва…

ادامه مطلب

Он чунон гоҳ меравам аз худ, – Лоик Шерали

Он чунон гоҳ меравам аз худ, Ки замину замон намедонам. Он қадар гаҳ ба хеш меоям, К-аз ҳама бехудӣ пушаймонам. Яктана ҷанг мекунам бо даҳр…

ادامه مطلب

ЗАИФ – Лоик Шерали

ЗАИФ “Агар дар ҷои ӯ будам, ту медонӣ, бародарҷон…” “Агар дар ҷои ту будам, дигарсон кор мекардам”. “Агар ман ҳам калон будам, ту медонӣ, ки…

ادامه مطلب

Чу афтад ахтаре аз боми гардун, – Лоик Шерали

Чу афтад ахтаре аз боми гардун, Чунин ёбам, ки афтод ахтари ман. Дарахти пир чун афтод вожун, Бигӯяд фоли ҳоли модари ман. Чу роҳе кӯр…

ادامه مطلب

МАН ҶАВОНАМ – Лоик Шерали

МАН ҶАВОНАМ Ман давоми рӯзгори рафтагонам, Ман нишони одамони бенишонам. Ман ба ҳар як аскари аз ёдрафта Ёдгори бегазанди ҷовидонам. Ман ҷавонам, ман ҷавонам, ман…

ادامه مطلب

Замони беғубори баччагиям – Лоик Шерали

Замони беғубори баччагиям Аҷаб ғамхорҳое доштам ман. Ба тоқӣ, дар гиребон, ҷилди болишт Аҷаб тӯморҳое доштам ман. Наёбам то газанд аз заҳри морон Яке дандони…

ادامه مطلب

Ҳарчанд ки вопеш равонам ба раҳи умр – Лоик Шерали

Ҳарчанд ки вопеш равонам ба раҳи умр Бо дилнигаронӣ ба қафо менигарам боз. Лахте дилу ҷон бурда зи ман умри гузашта, Бар умри хаторафта хато…

ادامه مطلب

НАМАКИ ХАЛҚ – Лоик Шерали

НАМАКИ ХАЛҚ Гарчи шоир минбари виҷдони халқ аст, Гарчи шоир ровии армони халқ аст, Нони шоир аз сухан не, Нони шоир нони халқ аст. Халқ…

ادامه مطلب

Зи ҳар кӯҳе бигирам резаи санг, – Лоик Шерали

Зи ҳар кӯҳе бигирам резаи санг, Зи ҳар дарё бинӯшам як каф обе Зи ҳар гулбун канам як шохаи гул, Зи ҳар базме хурам ҷоми…

ادامه مطلب

УЗРИ ЛАНГ – Лоик Шерали

УЗРИ ЛАНГ Туро ман мешиносам, тухми носабзидаи деҳқон, Ки мемонӣ ба шеъри носуруда, Ё насиби норабуда, Ё умеду орзуи монда дар дил, Аз талоши зиндагонӣ…

ادامه مطلب

МАРСИЯИ ХУРШЕД – Лоик Шерали

МАРСИЯИ ХУРШЕД . . . . . . . . . . . . . . . . . . . . . . ….

ادامه مطلب

ДИЛ – Лоик Шерали

ДИЛ “Агар ҷаҳон битаркад, таркишҳои он аввалқадам аз дили шоир мегузаранд”. Аз муҳаббат то маломат, Аз садоқат то хиёнат, Аз замин то осмон, Аз осмон…

ادامه مطلب

ХУДФУРӮЗӢ – Лоик Шерали

ХУДФУРӮЗӢ Агар парвонаӣ, даври чароғи хирасӯзе не, Ба даври офтоби оламоро сӯз, қурбон шав. Агар ту қатраӣ, ҷои нишасти хешро дарёб,– Ба рӯи санг не,…

ادامه مطلب

ҚАДРИ ШОИР – Лоик Шерали

ҚАДРИ ШОИР Рӯзе, ки ошиқон аз ҳам ҷудо шаванд, Рӯзе, ки зӯрҳо бемуттако шаванд, Рӯзе, ки одамон беошно шаванд, Бар қадри шоирон он вақт мерасанд….

ادامه مطلب

ДАР ЁДИ ШАРАФ – Лоик Шерали

ДАР ЁДИ ШАРАФ Оҳ, маҳзунам, ки дар айёми фатҳи осмон, Дар замоне, ки фалакпаймо ба сӯи Моҳ рафт, Шеъри ман аз сафҳае берун наёмад ҳамчу…

ادامه مطلب

Ба гӯшам мерасад ҳар гоҳу бегоҳ – Лоик Шерали

Ба гӯшам мерасад ҳар гоҳу бегоҳ Садои ошнои ошноҳо. Ба гӯшам мерасад шабҳо зи куҳсор Фиғони рӯдҳо дар тангноҳо. Саҳар як талъате ояд ба чашмам…

ادامه مطلب

Ҳар ғуруб оям лаби рӯди равон – Лоик Шерали

Ҳар ғуруб оям лаби рӯди равон Офтоб аз об доман баркашад. Ҳамсуруди мавҷҳои пуршикан Аз дили ман нағмаҳое сар кашад. Чарх мегардад сарам гирдобвор Мебарад…

ادامه مطلب

МАН ҒАРИҚАМ… – Лоик Шерали

МАН ҒАРИҚАМ… Ман ғариқам, Ду соҳили уммед – Он яке мекашад ба соҳили чап, В-он дигар мекашад ба соҳили рост. З-ин “муҳаббат” ду дасти ман…

ادامه مطلب

Гоҳ-гаҳ содагони кӯдакдил – Лоик Шерали

Гоҳ-гаҳ содагони кӯдакдил Аз ман асрори шеър мепурсанд. Аз табутоби ранҷҳои ман Дар сари кори шеър мепурсанд. Чист шеър? Эй басо суол кунанд, Гӯиё ман…

ادامه مطلب

АГАР… – Лоик Шерали

АГАР… Агар мо метавонистем Ҳар як ахтари афтодаро аз нав барафрӯзем, Агар мо метавонистем Рози синаи ҳар мурдаро некӯ биёмӯзем, Агар мо метавонистем Шеъри нотамоми…

ادامه مطلب

ФАХРИЯ – Лоик Шерали

ФАХРИЯ Асли ман шеъру ҷазалҳои мананд, На ҳамин шӯру маҷалҳои мананд. Ман агар риндиву мастҳ кардаам, Хотири инсонпарастҳ кардаам… Ман агар девонагиҳо доштам, Яъне бори…

ادامه مطلب

Ман аз ин қофияпардозиҳо бисёр дилгирам. – Лоик Шерали

Ман аз ин қофияпардозиҳо бисёр дилгирам. Дилам шеъру суруди бетавофутро набипзирад. Суруде хоҳаму шеъре, Ки мадду ҷазри дарёи дили моро фаро гирад. Суруде хоҳаму дастон,…

ادامه مطلب

Бинам, ки дар мағозаю бозорҳои шаҳр – Лоик Шерали

Бинам, ки дар мағозаю бозорҳои шаҳр Беназмию ҳаёҳую ҳангомаҳо бувад Парвози фикрашон фақат то нархи ину он, Маънии зиндагияшон нарху наво бувад. З-ин варта зуд…

ادامه مطلب

Агар хоҳӣ, ки навмедам набинӣ, – Лоик Шерали

Агар хоҳӣ, ки навмедам набинӣ, Бикун боре ба ман мушкилкушоӣ. Маро як умри бемарге ато кун, Ба ман омӯз расми бефаноӣ. Агар хоҳӣ, ки дар…

ادامه مطلب

ХОНАИ ШОИР – Лоик Шерали

ХОНАИ ШОИР “Ҳамчунин ба …(номҳои зиёде) шоир Лоиқ Шералӣ ғайриқонунӣ хона додаанд…” Маҷаллаи “Огонёк” 14, 1987 Хонаи қонунӣ надорам ман, Чунки ман берунам зи қонунҳо….

ادامه مطلب

Ман зиндаам ба хотири дидори орзу, – Лоик Шерали

Ман зиндаам ба хотири дидори орзу, Ман зиндаам ба хотири ёри хаёлиям Ман зиндаам ба хотири он ишқи сармаде, К-орад паёми дилфиреб аз безаволиям. Ман…

ادامه مطلب

Гили ту аз гили шеъру суруд аст, – Лоик Шерали

Гили ту аз гили шеъру суруд аст, Дили ту худ дили шеъру суруд аст. Ҷаҳони бебадал дорӣ миёни шеъри девонҳо, Ки саршор аст аз эҳсоси…

ادامه مطلب

ЭҲТИЁҶ – Лоик Шерали

ЭҲТИЁҶ Дар ниҳоди ҳар сағиру ҳар кабир Дар бисоти ҳар касе равшанзамир, Дар дили ҳар аҳли дил, ҳар аҳли дард, Дар талоши ҷони ҳар барнову…

ادامه مطلب

Хабар доред оё, ҳазрати Лоиқ, – Лоик Шерали

Хабар доред оё, ҳазрати Лоиқ, Ки аз фасли ҷавонии шумо ниме ба ғафлат рафт Ки аз ганҷинаи умри шумо ниме ба ғорат рафт, Ки дуздоне…

ادامه مطلب

Ман дар ин дунё чӣ дунё доштам – Лоик Шерали

Ман дар ин дунё чӣ дунё доштам Ишқи сӯзон, ҷони шайдо доштам Меҳри афзун, ёри якто доштам, Рози пинҳон, доғи пайдо доштам, Як дили ҳамшӯри…

ادامه مطلب

ҒАЗАЛЕ БАРОИ ХУД – Лоик Шерали

ҒАЗАЛЕ БАРОИ ХУД Мешавам ҳар рӯз дигар, ҳар нафас кам мешавам, Ҳар қадар худро биҷӯям, он қадар гум мешавам. Гоҳ мисли сабза мерӯям барои Офтоб,…

ادامه مطلب

Эй Табиат! – Лоик Шерали

Эй Табиат! Рӯзи дафнам Боз як он зиндаам кун, То бидонам, дӯстонам дар чӣ ҳоланд, То бигӯям, дар азои ман наноланд. Як назар то бинам…

ادامه مطلب

ТАРОНА – Лоик Шерали

ТАРОНА Ман аз бар мекунам рӯзе суруди обшоронро, Забон мебахшам охир ман сукути кӯҳсоронро. Ман охир рӯдҳоро раҳнамоӣ мекунам рӯзе, Паёми об меорам ҷавори даштзоронро….

ادامه مطلب

Қалам бо он камию кӯтаҳияш, – Лоик Шерали

Қалам бо он камию кӯтаҳияш, Сутуни зиндагии бениёз аст. Туро дорад муаллақ дар фазоҳо, Чу лангарчӯби дасти дорбоз аст. Варо гар рост дорӣ, дар баландӣ…

ادامه مطلب

БА ҶОИ ТАСАЛЛӢ – Лоик Шерали

БА ҶОИ ТАСАЛЛӢ Бедил, ки нестӣ, Ҳамдил чӣ боядат? Раҳҷӯ, ки нестӣ, Манзил чӣ боядат? Дарё, ки нестӣ, Соҳил чӣ боядат? Хунат, ки мурдааст, Қотил…

ادامه مطلب

ШЕЪРЕ, КИ ХОБ ДИДАМ – Лоик Шерали

ШЕЪРЕ, КИ ХОБ ДИДАМ Шабонгоҳон чу меафтад ситора Зи базми ахтарони бешумора, Хаёлам, бозмегардад зи парвози фалакгире Ба сӯи ин замин Аз осмонҳо Экзюперӣ. Шабонгоҳон…

ادامه مطلب

То дар ин дунёи навбат ҳаққи навбат бо ман аст, – Лоик Шерали

То дар ин дунёи навбат ҳаққи навбат бо ман аст, Сулҳу ҷангам бо тамоми Ҳурмузу Аҳриман аст. Баҳри шуҳрат нест ҳаргиз шеърпардозии ман, Шеърпардозиям ошӯбе…

ادامه مطلب

ЗИНДАГӢ – Лоик Шерали

ЗИНДАГӢ Зиндагӣ хуршед дар боми ман аст, Зиндагӣ маҳтоб дар шоми ман аст. Зиндагӣ ёри гуландоми ман аст, Зиндагӣ Хайёми айёми ман аст. Гар набошад…

ادامه مطلب

БА ДӮСТОНИ ХАСАКӢ – Лоик Шерали

БА ДӮСТОНИ ХАСАКӢ Донам ҳамаро: намакҳаромеду дурушт, Дар бӯтаятон на рушд дореду на мушт Санги бағали кӯҳ маро шоир кард, Санги бағали шумо маро хоҳад…

ادامه مطلب

Шоире қолабист эҳсосаш – Лоик Шерали

Шоире қолабист эҳсосаш Донад ӯ ҳадди мумкину мамнӯъ. Шоире мисли оби корез аст – Боадаб байни соҳили маснӯъ. Шоире – оби рокиди барка – Пуруфунат,…

ادامه مطلب

Сангро бардоштан душвортар – Лоик Шерали

Сангро бардоштан душвортар З-он ки андар варта ғелон кардаӣ. Шеърро иқрор кардан сахттар З-он ки инкораш кунӣ бепардае. Бедро битвонӣ бешоҳид бурид, Тутро аммо буридан…

ادامه مطلب

ИФТИХОР – Лоик Шерали

ИФТИХОР Дар миёни кӯҳсорон сахтҷонам зодаанд, Дар раҳи куҳсор баҳри имтиҳонам зодаанд, Волидайни бенишонам чун нишонам зодаанд, Дар диёри камзамине бекаронам зодаанд. Гарчи мегуфтанд аз…

ادامه مطلب

Ба ҳар ҷое, ки ман рафтам, – Лоик Шерали

Ба ҳар ҷое, ки ман рафтам, Ҳамеша дилкушодиву ҳамеша рӯи хандон буд. Ба ҳар ҷое, ки ман рафтам, Зи ҷӯши хандаю шодӣ на бадгӯӣ, на…

ادامه مطلب

ШЕЪРЕ ДАР БЕМОРИСТОН – Лоик Шерали

ШЕЪРЕ ДАР БЕМОРИСТОН Паси шиша дарахтон ҷумла урёнанд… Чунин дарёфтам: гӯӣ ҳама аз даст хоҳад рафт, Ду чашмам баста хоҳад шуд зи дунёи пурафсона. Замин…

ادامه مطلب

ТАҚЛИДИ МАВЛАВӢ – Лоик Шерали

ТАҚЛИДИ МАВЛАВӢ Ман ошиқи дарёстам Пуршӯру пурсавдостам. То навбати дунё марост, Дунёстам, дунёстам. Ман лоиқи номи худам, Фарзанди айёми худам. Бо ҳусни оғозе, ки буд,…

ادامه مطلب

ИЛТИҶО АЗ ДИЛСОЗОН – Лоик Шерали

ИЛТИҶО АЗ ДИЛСОЗОН Илтиҷо мекунам, эй дилсозон, Шавад афсурда дили шоир агар, Дили афсурдаю пурдарди варо Ба дили сунъӣ масозед бадал. Бас дар ӯ дарду…

ادامه مطلب

Шеър гӯям, ошиқе чун арзи дил – Лоик Шерали

Шеър гӯям, ошиқе чун арзи дил Бехгӯшӣ баҳри ёре хонадаш. Баҳри таскини дилу таскини рӯҳ Ошиқи шабзиндадоре хонадаш. Шеър гӯям бо табутоби зиёд Шеър гӯям…

ادامه مطلب