Сангро бардоштан душвортар – Лоик Шерали

Сангро бардоштан душвортар
З-он ки андар варта ғелон кардаӣ.
Шеърро иқрор кардан сахттар
З-он ки инкораш кунӣ бепардае.

Бедро битвонӣ бешоҳид бурид,
Тутро аммо буридан дигар аст.
Бояд ин ҷо лоақал ду шоҳиде,
То бигӯяд: тути хушки бебар аст.

Обро олуда кардан кори саҳл,
Лек аз нав соф кардан мушкил аст.
Кӯҳро таркондан осон ҳилаест,
Ганҷ ҷустан лек кори оқил аст.

Дӯстам, пур табли холӣ мезанӣ,
Нашнавад арзи диле гӯши карат.
Дӯстам, бар қулла гар туф мекунӣ,
Худ чу пастӣ, боз ояд бар сарат…

Як сухан сад қавмро як мекунад,
Мефизояд як сухан ҳусни Ватан.
Шоири озода селоварда нест,
Нест ҳам тухми палак тухми сухан.

Шоири фарзонаро асру замин
Бар ниёзи хештан меоварад.
Модаре танҳо назояд шоире,
Халқ ӯро баҳри худ меофарад.

Як сухан полудаи сад хуни дил,
Зиндагӣ сад чашми як полован аст.
Ман чӣ ҳам гӯям барои чун туе?
Ман чӣ ҳам гӯям? Худ аз худ равшан аст…

[1979]

Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *