ФАХРИЯ – Лоик Шерали

ФАХРИЯ

Асли ман шеъру ҷазалҳои мананд,
На ҳамин шӯру маҷалҳои мананд.

Ман агар риндиву мастҳ кардаам,
Хотири инсонпарастҳ кардаам…

Ман агар девонагиҳо доштам,
Яъне бори дарди дунё доштам.

Дар ҷаҳон бо ҷумла бурду бохтам
Ман ҷаҳони хешро ҳам сохтам.

Баҳри тамйизи баду неки ҷаҳон
Бохтам ҷону дилу умри ҷавон.

Аз лаби дарё нарафтам хушклаб,
Беадаб будам ба мизони адаб.

Дида эй бас гарму сарди ошиҚҳ,
Шеърҳо гуфтам зи дарди ошиҚҳ.

Он ҳама шеъре, ки аз дил гуфтаам,
Баҳри он шириншамоил гуфтаам.

ИшҚи ӯ тӯфонзамирам карду рафт,
Бо ҷавониҳош пирам карду рафт.

Пеши ҷонон чунки ҷон афшондаам,
Јолаби берӯҳу беҷон мондаам.

Гарчи рӯзе аз диёрам мебаранд,
Аз Мазорам бар мазорам мебаранд.

Боз ҳам аз ишҚ сӯзад гӯри ман
Чун дили ман, чун дили пуршӯри ман.

То ҷамам бар ёди ҷонон мерасад,
Сӯзи ҷонам кай ба поён мерасад!

Баъди мурдан ҳам дилам бебарг нест,
Интиҳои ман ҳамин як марг нест.

Марг агар Қатъи равони ман бувад,
То куҷо Қатъи ҷаҳони ман бувад?!

Ибтидои ман – деҳи хурди Мазор,
Интиҳои ман – ҷаҳони беканор…

[1997]

Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *