Ҳар гаҳе чун ахтари иқболи ман – Лоик Шерали

Ҳар гаҳе чун ахтари иқболи ман
Рух намоӣ аз дари айвони хеш
Ҳеҷ кайвоне зи айвонат баланд
Кай бувад дар вусъату паҳновариш?

Ҳар гаҳ аз айвон бароӣ хандарӯ
Гесувонат хам занад рӯи замин,
Гӯӣ ту дар осмон чун Зӯҳраӣ,
Ман зи ту вомонда дар рӯи замин.

Роҳи байни мост гар як наъравор,
Дур аммо чун раҳи меҳру маҳ аст,
Осмони ман, чаро дурӣ чунин?
Дасти ман то боргоҳат кӯтаҳ аст.

Кай тавонам сӯи ту ово кунам
Чашми бад ҳар сӯ камингири ман аст.
Афканам гул, боз афтад бар замин,
Айби тақдири замингири ман аст.

Дар замони ин ҳама парвозҳо,
Гарчи беболу парам, эй ҷони ман,
Мепарам дар олами хобу хаёл,
Ҷониби айвони ту – кайҳони ман.

Гарчи медонам, ки парвозам хатост,
Гарчи медонам, ки болам норасост,
Лек бе эҳсоси парвоз ишқ нест,
Дидаи ошиқ сӯи нодидаҳост.

Пас ту ҳам, эй аз ҳама наздиктар,
Дар ҷаҳони орзу фоле бимон!
То нахушкад шавқи парвоз аз дилам,
Осмони ман, чунон олӣ бимон!

[1982]

Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *