НАВҲА – Лоик Шерали

НАВҲА

Рафтӣ аз афсона берун
Безамон аз ҷаври гардун.
Дар ғамат аз чашми ёрон
Мечакад хун, мечакад хун.

Водареғи зиндагонӣ,
Водареғи комронӣ,
Водареғи меҳри дунё,
Водареғо, водареғо…

Баъд аз ин сар барнадорӣ,
Бар сарат сарвар надорӣ.
Дар лаҳад як ғамгусоре
Ғайри хоки тар надорӣ.

Водареғи зиндагонӣ,
Водареғи комронӣ,
Водареғи меҳри дунё,
Водареғо, водареғо…

Рӯи гӯрат ҳар баҳорон
Аз сиришки чашми ёрон
Сабза рӯяд то бигӯяд:
Водареғ аз рӯзгорон,

Водареғи зиндагонӣ,
Водареғи комронӣ,
Водареғи меҳри дунё,
Водареғо, водареғо…

[1982]

Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *