ҶАВОНМАРДӢ – Лоик Шерали

ҶАВОНМАРДӢ

Рӯди кӯҳистони мо аз тангно
Бо талотумҳо ба дарё мерасад.

Шуҳрату овозаи имрӯзи мо
Аз замин то арши аъло мерасад.

Бо тамоми дӯстони дӯстхоҳ
Меҳри мо бо роҳи дилҳо мерасад.

Шеваи мо, лаҳни меҳрангези мо
Баҳри ҳар миллат пазиро мерасад.

Пунбаи моро агар бофӣ матоъ
Баҳри халқи рӯи дунё мерасад.

Шеъри моро гар бихонад солиён
Халқи олам, бемуҳобо, мерасад.

Нони тоҷикӣ чу қурси офтоб
Баҳри ин дунёи паҳно мерасад.

Дилфарохему дилу оғӯши мо
Баҳри оғӯши ҷаҳонҳо мерасад.

Хони мо ороста аз нақди ҷон,
Ҳар ҷавонмардист, аз мо мерасад!

[1974]

Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *