ДАР ҶАНОЗАИ ҲАМСОЛАМ – Лоик Шерали

ДАР ҶАНОЗАИ ҲАМСОЛАМ

Дӯстам, дӯсти ҷавонмаргам,
Баҳри чӣ, баҳри кӣ, чаро мурдӣ?
Ман аминам, чу зодаи куҳсор,
Ҳар чӣ ҳам буд, баҳри мо мурдӣ.

Дӯстам, дӯсти ҷавонмардам,
Будӣ ҳамсоламу ҳамовардам.
Як ту танҳо намурдӣ дар Бағдод,
Бо ту ман низ гӯиё мурдам.

Дӯстам, дӯсти ҳунармандам,
Оламеро пур аз ҳунар кардӣ
Эй бас овозҳои хомушро
Бо садоят баландтар кардӣ.

Дӯстам, дӯсти сухандонам,
Шеърро мисли ту кӣ медонад?
Баъди ту баҳри ташнагони сухан
Шеъри моро дигар кӣ мехонад?

Чи ҳунарманди саҳназеб будӣ,
Дар ту фарҳанги пиру барно буд,
Саҳнаи танги санъати тоҷик
Баҳри ту гӯӣ саҳни дунё буд.

Орзу доштӣ, ки дар саҳна
Мирӣ дар нақши ошиқи шайдо,
Ҳиммат, ки баланд буд, имрӯз
Мурдӣ ногаҳ ба саҳнаи дунё…

Орзу доштӣ, ки Ҳамлетро
Бинамоӣ барои тоҷикон.
Марги ту худ бузург фоҷиаест,
Баҳри ҳамасрҳот, Маҳмудҷон!

Дӯстам, дӯсти сухангӯям,
Баъди ту ҳам ҷавонӣ хоҳад монд,
Лек шеъри бузурги тоҷикро
Ҳеҷ кас мисли ту нахоҳад хонд.

Филкушу мушпарвар аст ин даҳр,
Ғофиле нестам зи кори ҷаҳон,
Алвидоъ, дӯсти ҷавонмаргам,
Алвидоъ, эй бузургвори ҷавон!

[1979]

Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *