Бар рӯйи замин хирқаву зуннор намонад!
Онро, ки даме рӯй намойӣ зи ду олам,
Он сӯхтаро ҷуз ғами ту кор намонад!
Гар барфиканӣ парда аз он чиҳраи зебо,
Аз чиҳраи хуршеду маҳ осор намонад!
Дар хоб кунӣ сӯхтагонро зи майи ишқ,
То ҷуз ту касе маҳрами асрор намонад!