Ишқнома – Лоика Шерали
Агар рӯде бихушкад, боз рӯде ояд аз куҳсор, – Лоик Шерали
Агар рӯде бихушкад, боз рӯде ояд аз куҳсор, Агар эҳсоси мо хушкад Агар ишқи дили мову ту хушкад, ҷои фарёд аст, Ки бе ӯ баҳри…
Баъди он шаб, – Лоик Шерали
Баъди он шаб, Он шаби дидори бахт Зиндагӣ озодарӯтар шуд маро, Дӯстрӯтар, содарӯтар шуд маро. Одамон дар чашми ман дигар шуданд, Гӯиё садчанд зеботар шуданд….
Боз дарёву боз кӯҳаи мавҷ – Лоик Шерали
Боз дарёву боз кӯҳаи мавҷ Об мезад ба оташи дили ман. Боз ҳам шавқу шӯри дарёӣ Буд баҳри навозиши дили ман. Баста буданд чашмҳои туро…
ДИДОРГОҲИ ДЕРИН – Лоик Шерали
ДИДОРГОҲИ ДЕРИН Боз аз он ҷо мегузаштам, Бо чӣ вазъу бо чӣ савдо мегузаштам. Гӯиё андӯҳи дунёе ба дил Ман зи дунё мегузаштам. Сабзаҳо хушкида…
КАБӮТАРҲО – Лоик Шерали
КАБӮТАРҲО Даруни номаат ҷуфти кабӯтар, Даруни номаат расми диле буд, Даруни номаат барги гули тар, Фурӯзон чун забони машъале буд. Кабӯтар номаи секунҷа мебурд, Ба…
НИКОҲИ МАРГ – Лоик Шерали
НИКОҲИ МАРГ Ба зери гунбади гардон, Ба рағми дунии гардун Зи бахт рӯй магардон, Зи ишқ тавба макун, Ки бо дарахти сари раҳ никоҳ мекунамат,…
ПАЙМОНАИ МУҲАББАТ – Лоик Шерали
ПАЙМОНАИ МУҲАББАТ Намехоҳам, ки дар хушкӣ шавӣ ғарқ, Намехоҳам, ки бинам дар сари субҳи ҷавоният ғуруби офтобатро. Ба он ёде, ки дар ман лона дорад,…
ТОҶИ АРӮСӢ – Лоик Шерали
ТОҶИ АРӮСӢ Ба сарат тоҷи арӯсӣ шаби тӯй, Пеши пою қадамат гул мерехт. Қул-қули шишаи май бар гӯшат Гӯиё чаҳ-чаҳи булбул мерехт. Байни ҳавлӣ чу…
ХАНДАИ ҶОНОНА – Лоик Шерали
ХАНДАИ ҶОНОНА Хандаҳои дилкаши мастонаи ҷононаро Кӯҳҳо бишнида, хандиданд бо акси садо. Боз оҳиста вазида бо навозиш сӯи дашт, Майсаҳои кӯҳро алвонҷ дода мегузашт. Обҳо…
Ҳар гаҳе бо ханда бикшоӣ лабатро, – Лоик Шерали
Ҳар гаҳе бо ханда бикшоӣ лабатро, Хандаат қуфли диламро мекушояд. Ҳар гаҳе ширин бихандӣ ҷониби ман, Зиндагӣ рангину ширин менамояд. Дар лабони туст шаҳди зиндагонӣ,…
Аввали ишқ – осмони баланд, – Лоик Шерали
Аввали ишқ – осмони баланд, Охири ишқ – хоки домангир. Аввали ишқ – орзуҳо гарм, Охири ишқ – орзуҳо пир. Аввали ишқ – даст бар…
Баҳор мешавад… – Лоик Шерали
Баҳор мешавад… Баҳори пурнигор мешавад. Замини хотироти ман Бунафшазор мешавад. Ба ёди нозҳои кӯдаконаат Дилам хумор мешавад. Чи рӯзҳо гузаштаанд, Ки ман туро надидаам. Чи…
Гарчи медонам, ки дастам кӯтаҳ аст, – Лоик Шерали
Гарчи медонам, ки дастам кӯтаҳ аст, Боз мехоҳам туро бар коми дил. Боз мехоҳам, ки аз ишқи ту бод Дар нафасҳои пасин анҷоми дил. Боз…
ДИЛРО КУШО БА МАН – Лоик Шерали
ДИЛРО КУШО БА МАН Ҳар кас, ки бо ту бошаду бо ту нафас кашад, Бо чун туе ба бистари уммед сар ниҳад, Як лаҳзааш саодати…
Кӣ дар овони ҳаждаҳсолагияш – Лоик Шерали
Кӣ дар овони ҳаждаҳсолагияш Шабе бепечутоб ором хуфтаст? Кӣ дар овони ҳаждаҳсолагияш Ба номи духтаре шеъре нагуфтаст? Даруни дарс аз устод пинҳон Ба номи духтаре…
Ногаҳон – он сон ки борад шохборон – Лоик Шерали
Ногаҳон – он сон ки борад шохборон Зиндагиям пур шуд аз овози ту. Ногаҳон – он сон, ки гул резад дар айёми гулафшон Бар сари…
Ошиқам гар бо манӣ, гар бе манӣ – Лоик Шерали
Ошиқам гар бо манӣ, гар бе манӣ Ошиқам то он ки барнову пок. Ошиқам то ҳастӣ дар рӯи замин, Ошиқам то банда берунам зи хок….
СУРУДИ СУЛҲ – Лоик Шерали
СУРУДИ СУЛҲ Ошиқо, дар паҳлуи ҷонона биншин тангтар, Гӯш бар созу ба оҳанги рубоб андохта. Месарояд дил, дили саршори меҳри дӯстӣ, То нагардад ҳеҷ гоҳе…
Хонаҳои баланду шаҳроро, – Лоик Шерали
Хонаҳои баланду шаҳроро, Шаҳри зебою кӯчаю гулгашт… Дар ҳамин кӯчаҳои пурғавғо Ошиқию ҷавониям бигзашт. Ҳар ғурубе нигори атласпӯш, Як гул аз боғи хеш меовард. То…
ҲУСН – Лоик Шерали
ҲУСН Як буттаи гул будӣ, сар то қадамат гул буд, Фасли гули ҳуснат буд, он вақт ҷавон будӣ. Ҳар печухами мӯят сад лонагаҳи дил буд,…
Агар ишқи ту мардеро ба манзил бурд, хушбахтӣ. – Лоик Шерали
Агар ишқи ту мардеро ба манзил бурд, хушбахтӣ. Зи байни мавҷи тӯфонҳо ба соҳил бурд, хушбахтӣ. Агар аз синаи ӯ дил рабудӣ дар баҳои дил,…
Баҳоре буду маҷнунбеди навбарг – Лоик Шерали
Баҳоре буду маҷнунбеди навбарг Чу духтар кокулашро шона мекард. Парастуе, ки ҷои лона меҷуст, Ту гӯӣ дар дили ман лона мекард. Дарахтон шохаҳои сабзи худро…
Гули хайрию гули бобуна, – Лоик Шерали
Гули хайрию гули бобуна, Домани пираҳану домани дашт. Ғам махур, эй дили одаткарда, Боз як ишқи ду-серӯза гузашт. Боз як ишқи хатопеша гузашт, Хок бодо…
ДИДГОҲИ ХОТИРА – Лоик Шерали
ДИДГОҲИ ХОТИРА Ба чашми нимбедорат, ба рухсори гули норат, Ба ҳар як пилтаи абрӯ, ба обу тоби гесӯят, Ба лабҳои гулобиранг, гашти қадди дилҷӯят, Бубахшидам…
КӮЗАИ ОРМОН – Лоик Шерали
КӮЗАИ ОРМОН Пайроҳае, ки мову ту даврони баччагӣ, То шоҳраҳ наомада, аз ҳам ҷудо шудем, Имрӯз кӯр гаштаву қолини сабза аст. Аз ҳам ҷудо шудем…
Наврӯзи ман бе ту гузашт, – Лоик Шерали
Наврӯзи ман бе ту гузашт, Бе рӯи ту бадрӯ гузашт. Чун рангу бӯи ту надошт Орӣ зи рангу бӯ гузашт. Мехостам дидори ту, Чашмони оташбори…
РАҚСИ ТУ – Лоик Шерали
РАҚСИ ТУ Рақси ту гар сабки эъҷоз аст дар рӯи замин, Пеши ман як сабки парвоз аст сӯи осмон. Рақси ту ҳарчанд баҳри беғамон як…
Ту гули шукуфтарӯӣ, ҳама бехазон бимонӣ, – Лоик Шерали
Ту гули шукуфтарӯӣ, ҳама бехазон бимонӣ, Ту баҳорӣ гулфишонӣ, ҳама гулфишон бимонӣ, Ҳама дам кунам дуоят, ки чунин ҷавон бимонӣ! Ту маро шинохтӣ боз, ту…
Хаёли дидани рӯят хаёли хушбахтист, – Лоик Шерали
Хаёли дидани рӯят хаёли хушбахтист, Умеди суҳбати дигар камоли хушбахтист Насиби лаззати дидор агар муяссар нест,: Насиби ҷони ҷавонам заволи хушбахтист. Дилам ба ёди ту…
Чанд рӯзе бо хумори ошиқӣ – Лоик Шерали
Чанд рӯзе бо хумори ошиқӣ Бо дили ман маст шав, ҳушёр шав. Чанд субҳ аз рахти атрогини хеш Бо садои оҳи ман бедор шав. Дар…
Аввалин шеърам ту будӣ – – Лоик Шерали
Аввалин шеърам ту будӣ – Аввалин шеъри пур аз дардам ту будӣ. Аввалин ошӯби сӯзон Андаруни синаи сардам ту будӣ. Шеърҳои беҳтаринам – Гӯӣ захми…
Баҳорон буду як шомеву борон – Лоик Шерали
Баҳорон буду як шомеву борон Ҳамешорид ҳамчун обшорон. Висолат бӯстони пургуле буд, Канорат ҳамчу оғӯши баҳорон. Даме озод аз ғавғои ҳастӣ Чу гул андар канори…
ДАР БАЗМ – Лоик Шерали
ДАР БАЗМ Дар дили шаб ҷоми заррини кафи ёр, Медурахшиду диламро шод мекард. Ҳарфҳои канда-канда, нозҳои дилбарона. Мастӣ аз дидору аз май Ҳастиямро бод мекард….
ДУХТАРИ ҲАМСОЯ – Лоик Шерали
ДУХТАРИ ҲАМСОЯ Гаҳ-гаҳ зи сари девор Хандида назар мекард. Гулхандаи тобонаш Аз ишқ хабар мекард. Подоши сабуриҳош Бурданд ба дуриҳош. Он духтари ҳамсоя Баргашта намеоя….
Ман аз чашми ту метарсам, – Лоик Шерали
Ман аз чашми ту метарсам, Аз он чашми пурафсуни ту метарсам. Чу ҳар дам мешавад кам гармҷӯшиҳои эҳсосам, Зи ҳусни рӯзафзуни ту метарсам. Баҳори ман!…
НОМАИ МАНЗУМ БА ЯК ХОНУМ – Лоик Шерали
НОМАИ МАНЗУМ БА ЯК ХОНУМ Шояд ин мактуб озорат диҳад, Хонию з-он пас маро нафрин кунӣ. Шояд андар хилвате бар ҳоли ман Дар дилат як…
Пас аз чандин сабуриҳо, – Лоик Шерали
Пас аз чандин сабуриҳо, Ту аз дур омадӣ, аз дури дуриҳо Нигоҳат ташнагиҳои муҳаббат дошт, Садоят ташнагиҳои саодат дошт. Пас аз он пурғуруриҳо, Ту аз…
ТУ БОШИЮ МАНУ ИН КӮҲСОРОН – Лоик Шерали
ТУ БОШИЮ МАНУ ИН КӮҲСОРОН Ту бошию лаби дарёи кӯҳӣ, Ҷавонию хумори ношикаста. Ту бошию бари домони саҳро, Бароят гул бичинам даста-даста. Бари домонат аз…
ХОТИРА ДАР ПУШТИ СУРАТ – Лоик Шерали
ХОТИРА ДАР ПУШТИ СУРАТ Ба Ҳ.Ҷ. Навбаҳор асту зи гулзор гуле ночида, Дами гарм асту ба дилҳост вафо нақд ҳанӯз. Сари субҳ асту нафасҳост ба…
Ҳарчанд дурӣ аз ману аз ошёни ман, – Лоик Шерали
Ҳарчанд дурӣ аз ману аз ошёни ман, Бо меҳри худ нишастаӣ дар мағзи ҷони ман. Дар олами хаёлие, эй меҳрубони ман, Аз дур ҳар нафас…
Аз ғурури ту ғурури ман баланд, – Лоик Шерали
Аз ғурури ту ғурури ман баланд, Аз ғурури ман ғурури ту зиёд. Дар миёни ин ҳама печидагӣ Бо дили гармат дили ман зинда бод! Гар…
Баъди чанде, ки басо об зи сарҳо гузарад, – Лоик Шерали
Баъди чанде, ки басо об зи сарҳо гузарад, Баҳри ту хотирае беш нахоҳам будан. Гар аз он манзараҳо гоҳ-гаҳе ёд кунӣ, Пораи манзарае беш нахоҳам…
Дар буттаҳои гул нашкуфта ғунчаест, – Лоик Шерали
Дар буттаҳои гул нашкуфта ғунчаест, Дар нӯки шохҳо баргест вопасин. Нашкуфта меравад он ғунча аз ҷаҳон, Он барг мефитад рухзард бар замин. Дар боғи тирамаҳ…
Занг бандад даруни сина дилам, – Лоик Шерали
Занг бандад даруни сина дилам, Нашнавам занги хандаҳоятро. Рӯзгорам чи бесадо бошад, Нашнавам соате садоятро. Ба суолам ҷавоб агар надиҳӣ, Зиндагӣ беҷавоб метобад. Накунад гар…
Ишқи ту чун насими субҳонӣ – Лоик Шерали
Ишқи ту чун насими субҳонӣ Дар дилам накҳати баҳор овард. Номи ту мисли хатти пешонӣ Хатти қисмат зи кирдугор овард. Ту зи кайҳони орзуҳоям Омадӣ…
НОМАҲОЯТ – Лоик Шерали
НОМАҲОЯТ То саҳар хобам наёмад, Шаб, чу хондам номаҳоят. Дар дилам ошӯби маҳшар, Бар сарам омад қиёмат. Гуфта будӣ “Баъди хондан Номаҳоямро бисӯзон” Гар бисӯзам…
РАҲГУЗАР – Лоик Шерали
РАҲГУЗАР Ҳамчунон к-аз каронаи шаҳре Раҳгузар бошию гузар созӣ, Бетаваққуф зи шишаи мошин Сӯи ҳар манзараш назар созӣ; Ё чунон ки ба манзили дуре Сафарӣ…
Ту барои дили ман тозаву тар, – Лоик Шерали
Ту барои дили ман тозаву тар, Ту барои дили ман зебо бош. То даме ошиқи яктои туам, Ту барои дили ман якто бош. Ту маро…
Хоҳам биканам номи туро дар тани ҳар кӯҳ – Лоик Шерали
Хоҳам биканам номи туро дар тани ҳар кӯҳ То аз буни ҳар санг гули номи ту рӯяд. Хоҳам бикашам тарҳи туро дар варақи санг То…
Чаро бояд занам лофи муҳаббат – Лоик Шерали
Чаро бояд занам лофи муҳаббат Чаро осон диҳам фанду фиребат? Чаро гӯям дурӯғи ростмонанд Ба пеши рӯю чашмони базебат? Ту медонӣ, сарам орӣ зи савдо,…