Агар ишқи ту мардеро ба манзил бурд, хушбахтӣ. – Лоик Шерали

Агар ишқи ту мардеро ба манзил бурд, хушбахтӣ.
Зи байни мавҷи тӯфонҳо ба соҳил бурд, хушбахтӣ.
Агар аз синаи ӯ дил рабудӣ дар баҳои дил,
Вагар ишқат варо ҳам бо ғами дил бурд, хушбахтӣ.

Дар аввал гарчи бо нозу итобе сӯхтӣ ӯро,
Дар охир чун чароғи даврае афрӯхтӣ ӯро,
Агарчанде забони инсу ҷинси даҳр медонист,
Ба имое забони ошиқӣ омӯхтӣ ӯро.

Ту он аслӣ, ки сарнақши ҳама эъҷозҳои мост,
Ту он васлӣ, ки пайванди ҳама оғозҳои мост.
Бари рӯи латифат сафҳае аз умри ҷовидон,
Кафи дасти шарифат арсаи парвозҳои мост.

Агар ишқи ту мардеро ҷаҳонӣ кард, хушбахтӣ,
Сазовори ҷавонӣ гар ҷавонӣ кард, хушбахтӣ.
Ҳама бори замонро то ба манзил бурду пеши ту
Ба дӯшаш гоҳ бори дил гаронӣ кард, хушбахтӣ…

[1979]

Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *