Ҳарчанд дурӣ аз ману аз ошёни ман, – Лоик Шерали

Ҳарчанд дурӣ аз ману аз ошёни ман,
Бо меҳри худ нишастаӣ дар мағзи ҷони ман.
Дар олами хаёлие, эй меҳрубони ман,
Аз дур ҳар нафас маро фарёд мекунӣ.

Ҳар гаҳ, ки сарду бетараф чун санги соҳилам,
Бо рӯҳи варшикастае дар банди мушкилам,
Меоӣ дар хаёламу дар ҷону дар дилам,
Шеъри наве ба дафтарам иншод мекунӣ.

Ҳар гаҳ, ки беилоҷаму ояд бадам зи худ,
Офоқ танг оядам дар арсаи вуҷуд,
Меоӣ чун фариштае аз осмон фуруд,
Як дам маро зи хештан озод мекунӣ.

Дар чашми туст шуълаи тасвири зиндагӣ,
Дар дасти туст санъати тақдири зиндагӣ,
Дар байни ин талотуму тасхири зиндагӣ,
Ёдат ба хайр, гар маро ҳам ёд мекунӣ!

[1988]

Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *