Гарчи медонам, ки дастам кӯтаҳ аст, – Лоик Шерали

Гарчи медонам, ки дастам кӯтаҳ аст,
Боз мехоҳам туро бар коми дил.
Боз мехоҳам, ки аз ишқи ту бод
Дар нафасҳои пасин анҷоми дил.

Боз мехоҳам, ки аз ҳар нешу нӯш
Охирин ком аз лаби нӯши ту бод.
Андар оғӯши ҷаҳони сустмеҳр
Охирин оғӯш оғӯши ту бод.

Боз мехоҳам туро аз ҳар чӣ ҳаст
Чун насиби вопасини зиндагӣ.
То равам зери замин, хоҳам туро
Аз замону аз замини зиндагӣ.

Боз мехоҳам, ки рӯзи вопасин
Пеши чашмам мӯи анбӯҳи ту бод.
Охирин шодиям аз дидори ту,
Охирин андӯҳам андӯҳи ту бод…

[1982]

Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *