ҲУСН – Лоик Шерали

ҲУСН

Як буттаи гул будӣ, сар то қадамат гул буд,
Фасли гули ҳуснат буд, он вақт ҷавон будӣ.
Ҳар печухами мӯят сад лонагаҳи дил буд,
Дар чашми харидорон яктои ҷаҳон будӣ.

Чун арчаи соли нав ороста будӣ ту,
Аз қадди ту гул мерехт, то рӯз шарар мерехт.
Рӯю дилу имонат дар зиндагӣ чун қандил
Аз ту ба сари ёрон анвори қамар мерехт.

Бӯсагаҳи рӯи ту бечину мусаффо буд,
Пеши рухи маъсумат буданд ҳама мақсур,
Аммо ҳама зебоӣ гардид тамом охир
Чун тӯшаи марди раҳ дар роҳи дарози дур.

Чашмони сиёҳатро сӯзанда нигоҳе нест,
Бас шуълаи зулматсӯз бар фонуси раҳҳо шуд.
Ҳуснат ба раҳ охир шуд чун тӯшаи раҳ, аммо
Мардони баномусро озод ба манзил бурд…

[1971]

Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *