Агар рӯде бихушкад, боз рӯде ояд аз куҳсор, – Лоик Шерали

Агар рӯде бихушкад, боз рӯде ояд аз куҳсор,
Агар эҳсоси мо хушкад
Агар ишқи дили мову ту хушкад, ҷои фарёд аст,
Ки бе ӯ баҳри мо на нашъаи умру на эҷод аст.

Агар киште насабзад, соли дигар боз месабзад.
Насабзад гар умеди мо,
Насабзад гар муҳаббат дар дили мо, ҷои афсӯс аст,
Ки фуқдонаш ба назди бихрадон ҳамвора маҳсус аст.

Агар кӯҳе шавад аз ярч яксони замин, ғам нест,
Агар дарди муҳаббат кам шавад, ҷои пушаймонист.
Ки бе ӯ одамӣ худро намеёбад,
Ба чашми одамон одам наметобад.

Ба гардун ахтаре гар мурд, гардун боз хоҳад буд,
Агар ишқи дили мо мурд, ҷои гиряву зорист.
Ки бе ӯ дар нигоҳи ман фалак аз ахтарон холист,
Замину осмон аз ошиқону шоирон холист.

Ҷаҳон бечоранолӣ нест, медонам,
Ки бояд зиндагонӣ кард.
Дар ин дунёи пири бефано
Бояд ҷавонӣ кард.

Ту пайванди манӣ бар рӯзгори тозае алҳақ,
Ту пайванди манӣ бар навбаҳори тозае алҳақ,
Ту медонӣ,
Вале гоҳо намедонӣ,
Ки ишқи мо ҷавон бояд бимонад, гарчи мо мирем,
Ки ишқи мо чунон бояд бимонад, гарчи мо мирем,
Ки то имрӯз сӯзон буд, тӯфон буд, исён буд…

[1978]

Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *