Рӯзи Ҳиҷрону Шаби Фурқати Ёр Охир Шуд,

Рӯзи ҳиҷрону шаби фурқати ёр охир шуд,
Задам ин фолу гузашт ахтару кор охир шуд,
Он ҳама нозу танаъум, ки хазон мефармуд,
Оқибат дар қадами боди баҳор охир шуд.
Шукри эзид, ки ба иқболи қулаҳ гӯшаи гул
Навбати боди даю шавқати хор охир шуд.
Субҳи уммед, ки буд мӯътакифи пардаи ғайб,
Гӯ: бурун ой, ки кори шаби тор охир шуд.
Он парешонии шабҳои дарозу ғами дил,
Ҳама дар сояи гесуи нигор охир шуд.
Боварам нест зи бадаҳдии айём ҳанӯз
қиссаи ғусса, ки дар давлати ёр охир шуд.
Соқиё, лутф намудӣ, қадаҳат пурмай бод,
Ки ба тадбири ту ташвиши хумор охир шуд.
Дар шумор арчи наёвард касе Ҳофизро,
Шукр, к-он меҳнати беҳадду шумор охир шуд.
Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *