Падид Омад Русуми Бевафоӣ,

Падид омад русуми бевафоӣ,
Намонд аз кас нишони ошноӣ.
Баранд аз фоқа назди ҳар хасисе
Кунун аҳли ҳунар дасти гадоӣ.
Касе, к-у фозил аст имрӯз дар даҳр.
Намебинад зи ғам як дам раҳоӣ,
Валекин ҷоҳил аст андар танаъум,
Матои ӯ чу ҳаст ин дам баҳоӣ.
В-агар шоир бигӯяд шеъри чун об,
Ки дилро з-он фазояд равшаноӣ,
Набахшандаш ҷаве аз бухлу имсок,
Агар худ филмасал бошад Саной.
Хирад дар гӯши хушам дӣ ҳамегуфт:
«Бирав, сабре бикун дар бенавоӣ!
Қаноатро бизоат созу месӯз,
Дар ин дарду ано чун най навоӣ».
Биё, Ҳофиз, ба ҷон ин панд бишнав,
Ки гар аз по дарафтӣ бо сар оӣ.
Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *