Дар хобҳои равшану поки биҳиштиям – Лоик Шерали

Дар хобҳои равшану поки биҳиштиям
Мебинамат, ки бо дили ман меҳрубонтарӣ.
Аз лаҳзаҳои кӯтаҳи дидору иштиёқ
Бас дилмувофиқи ману бас дилситонтарӣ.

Дар хобҳои мудҳишу саҳмину тираам
Мебинамат, ки ҳозирӣ ҳамчун халосгор.
Дар оташам бубиниву оташ занӣ ба даҳр,
Дар об ғарқа биниву гирӣ маро канор.

Дар хобҳои қудсии ман ту фариштаӣ,
Боли ҳарир дориву парвоз мекунӣ.
Дар рӯи боли хеш маро мебарӣ ба арш,
Бар ишқи ман даричаи дил боз мекунӣ.

Аммо чу рӯз мерасад, мебинамат, ки боз
Рӯи замини пургунаҳ ҷӯёи қисматӣ.
Дилкӯби зиндагонии якрангу якнавохт,
Дилташнаи муҳаббату умри ғаниматӣ.

Аммо чу рӯз бигзарад, аз пушти офтоб
“Бар айшҳои рафта диле шод мекунам” .
Аммо чу рӯз бигзарад, чун сояи ғуруб
Андӯҳи ту фурӯ кашад дунёи равшанам…

[1982]

Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *