Ғуруби офтоби ҳуснат омад, – Лоик Шерали

Ғуруби офтоби ҳуснат омад,
Париҷонам, биё, дунё дурӯзаст.
Биё, ҷоми дилафрӯзе бигирем,
Ки ҳоло чашмҳоят дилфурӯз аст.

Чи ҳасратҳо, ки дорӣ дар дили хеш,
Сияҳбахтист дар рахти сафедат.
Агар хоҳӣ, сияҳномат бимирам,
Ки орам заррае бахти сафедат.

Агар хоҳӣ, ки аз худ бигзарӣ боз,
Даме аз кӯчаи ишқам гузар кун.
Агар хоҳӣ, ки бар ту бингарад бахт,
Мани соҳибназарро як назар кун.

Дилат, медонам, аз ошӯб холист,
Чу хушкида дарахте дар баҳорон.
Биё, аз ишқ саршорат кунам ман,
Чӣ мехоҳӣ дигар аз рӯзгорон?!

Биёву сина бикшо чун дари субҳ,
Биё шӯри ҷавониро зи сар гир.
Агар хоҳӣ ҷавонии дубора
Маро то ҳадди ҷон додан ба бар гир.

Маро масти ҷамоли хештан соз,
Ки аз мастии май рӯҳам фасурдаст.
Хушо ҷоне, хушо ҷони ғарибе,
Ки дар оғӯши гарми ёр мурдаст!

Чӣ мепурсӣ дигар аз хоҳиши ман,
Чӣ мегирӣ дигар аз ҷони шайдо?
Агар шавқи маро поён набахшӣ,
Фароҳам мерасад поёни дунё!

[1986]

Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *