Аз хеш рамидае бузург аз ман нест, – Лоик Шерали

Аз хеш рамидае бузург аз ман нест,
Нодидаи дидае бузург аз ман нест.
Ҳарчанд ки рӯзгори афсона гузашт,
Афсонашунидае бузург аз ман нест.
Гар шарти бузургӣ аст манзилёбӣ,
Манзилнарасидае бузург аз ман нест.
Худкардаяму ниҳон кунам вовайло,
Фарёдкашидае бузург аз ман нест.
Дар ҷодаи ошиқӣ ҳама пеш даванд,
Баръаксдавидае бузург аз ман нест.
Ҳарчанд ҳама зи ишқ заҳре бичашанд,
Як моргазидае бузург аз ман нест.
[1982]
Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *