Як рӯз зиндагон туро ҳам ёд мекунанд, – Лоик Шерали

Як рӯз зиндагон туро ҳам ёд мекунанд,
Қадри туро шинохта, фарёд мекунанд.
Дар зиндагӣ ба номи ту туҳматнавиштагон
Бо номи ту латифаҳо эҷод мекунанд.
Дар зиндагӣ ба гӯри ту хиштоварандагон
Гӯри туро зи баъди марг обод мекунанд.
Онҳо, ки бар харобии рӯҳат сабаб шуданд,
Рӯҳи туро ба маъракаҳо шод мекунанд.
Рӯзе, ки нестӣ ту миёншон ба базму разм,
Шояд туро зи дахмаса озод мекунанд…
[1988]
Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *