ХУРОСОНИ БУЗУРГ – Лоик Шерали

ХУРОСОНИ БУЗУРГ

Чу аз насли Фаридунем,
Аз як реша, як хунем.
Чу аз хуни Сиёвушем,
Ҷовидон ҳамоғӯшем.
Дирафши ковиён бо мост,
Фарри ориён бо мост.

Атои фазли яздонӣ,
Ки бо ҷамъу парешонӣ
Тапад бо ҳам,
Танад бо ҳам
Дили тоҷику эронӣ.
Ба тоҷику ба эронӣ
Муҳаббат бод арзонӣ.
Садоқат бод,
Наҷобат бод,
Шаҳомат бод арзонӣ!

Чу аз як Ҷоми Ҷам ҳастем,
Аз як Ҷоми Ҷам мастем.
Агар Рустам сар афрозад,
Зи нав парчам барафрозад
Хуросони бузурги мо,
Хуросони сутурги мо!

Атои фазли яздонӣ,
Ки бо ҷамъу парешонӣ
Тапад бо ҳам,
Танад бо ҳам
Дили тоҷику эронӣ.
Ба тоҷику ба эронӣ
Муҳаббат бод арзонӣ.
Садоқат бод,
Наҷобат бод,
Шаҳомат бод арзонӣ!

10.08.1992

Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *