Имшаб бо Худо мулоқот дорам

Имшаб бо Худо мулоқот дорам
Диламро ҳам таҳорат медиҳам.
Пеши Ӯ бояд отифа рафт ва олуфта низ.
Дерест дарашро мекуфтам,
Имшаб бо Худо мулоқот дорам!
Чи бирасонам?
Чи мехостед?
Шаб шаби шикоят нест,
Шаб шаби ҳикоятҳост.
Аз ҳадис, аз оятҳост.
Ояти баҳамойӣ, дар дами масеҳоӣ!

Имшаб бо Худо ишқ меварзам,
Ошиқона мерасам то Ӯ.
“Лам ялид ва лам юлад ва ламякунлаҳу куфуван аҳад ”
Аммо…ба ҳар рангест ошиқона мерасам то Ӯ
Ошиқона мерасам бо Ӯ!

Имшаб ба Худо роз дорам,
Орифона!
Сад гиреҳ мекшоям ,оре
Сад суоли беҷавоб оина мегардад.
Оинаро тоза бояд кард!
Шаҳрро овоза бояд кард:
Имшаб бо Худо мулоқот дорам!SH.R

Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *