Ай Ойина Фақирӣ Ҷониву Чизи Дигар – Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ

Ай ойина, фақирӣ, ҷониву чизи дигар,
В-ай он ки дар замирӣ, ониву чизи дигар!
Асрори осмонро, андешаву ниҳонро,
Аҳволи ину онро дониву чизи дигар!
Таърихи баргузашта бар инсиву фаришта,
Хатҳои нонабишта хониву чизи дигар!
Аз ғайб ҳиссаҳоро бидҳӣ ба мустаҳаққон
В-аз сина ғуссаҳоро рониву чизи дигар!
Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *