МУАММОҲОИ ОРМОН

МУАММОҲОИ ОРМОН

Ду карат дуро ба зарбе чор гӯй,
В-ин дақиқӣ бо саҳеҳӣ ёр, гӯй!

Лек бар онанд бархе ҳосибон,
Ду карат ду панҷ гӯянд ин замон,

Дар шуури як гурӯҳ ин фалсафаст,
Гуфтани шафтолу баъд аз шаф-шаф аст!

Бо муҳосиб баҳс кардам ҳамзамон,
Ҷуз ҳисоби худ нагуфт, оре ягон?!

Дидам идроки ҳама якранг нест,
Арсаи фикрат ба доно танг нест!

Кам касон бинанд пушти оина,
Ғофиланд аз пушти зишти оина!

Кӯр ҳам гирад асо қабл аз сафар,
Ту дари дилро кушову рав бадар!

Гар саҳеҳӣ нест, ё ҳарфе аён,
Аз муаммо орӣ набвад ормон!

(Vojidi Ashti)
23.08.2023

Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *