Тани Одамӣ Шариф Аст Ба Ҷони Одамият,

Тани одамӣ шариф аст ба ҷони одамият,
На ҳамин либоси зебост нишони одамият!
Агар одамӣ ба чашм асту даҳону гӯшу бинӣ,
Чӣ миёни нақши девору миёни одамият!
Хӯру хобу хашму шаҳват шағаб асту ҷаҳлу зулмат,
Ҳаявон хабар надорад зи ҷаҳони одамият!
Ба ҳақиқат одамӣ бошу гарна мурғ бошад,
Ки ҳамин сухан бигӯяд ба забони одамият.
Магар одамӣ набудӣ, ки асири дев мондӣ?
Ки фаришта раҳ надорад ба макони одамият.
Агар ин дарандахӯӣ зи табиатат бимирад,
Ҳама умр зинда бошӣ ба равони одамият…
Таярони мурғ дидӣ; ту зи пойбанди шаҳват
Бадар ой, то бубинй таярони одамият!
На баёни фазл кардам, ки насиҳати ту гуфтам,
Ҳам аз одамӣ шунидем баёни одамият.
Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *