Ҳар қадар аз ту шудам дур, қаринам будӣ, – Лоик Шерали

Ҳар қадар аз ту шудам дур, қаринам будӣ,
Гар ба афлок паридам, ту заминам будӣ.
Сар ба сад дар бизадам, як дари дил боз нашуд,
Боз ҳам дилбари маҳбубтаринам будӣ.
Мани бетоҷу нигин шиква накардам аз бахт,
То ту, эй тоҷи ҷаҳон, тоҷу нигинам будӣ.
Сар ба хуршед бисудам зи таманнои рухат,
Баски ту олитар аз чархи баринам будӣ.
Кеши зардуштию исломӣ ба гардат нарасанд
То ту дар меҳру вафо мазҳабу динам будӣ.
[1986]
Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *