Он На Зулф Асту Баногӯщ, Ки Рӯз Асту Шаб Аст,

Он на зулф асту баногӯщ, ки рӯз асту шаб аст,
В-он на болои санавбар, ки дарахти рутаб аст!
Он даҳон нест, ки дар ваҳми сухандои ояд,
Магар андар сухан оию бидонад, ки лаб аст.
Оташи рӯи ту з-ин гуна, ки дар халқ гирифт,
Аҷаб аз сӯхтагӣ нест, ки хомӣ аҷаб аст!
Одамӣ нест, ки ошиқ нашавад фасли баҳор,
Ҳар гиёҳе, ки ба Наврӯз наҷунбад ҳатаб аст!
Чунбиши сарв мапиндор, ки аз боди сабост,
На, ки аз нолаи мурғони чаман дар тараб аст!
Хоҳам андар талабаш умр ба поён овард,
Гарчи роҳам на ба андозаи пои талаб аст.
Ҳама касро ба ту ин майл набошад, ки марост,
К-офтобӣ туву кӯтоҳназар мурғи шаб аст!
Ҳар қазое сабабе дораду ман дар ғами дӯст-
Аҷалам мекушаду дарди фироқам сабаб аст.
Сухани хеш ба бегона наёрам гуфтан,
Гила аз дӯст ба душман на тариқи адаб аст!
Лекин ин ҳол маҳол аст, ки пинҳон монад,
Ту зиреҳ медарию пардаи Саъдӣ қасаб аст.
Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *