Ҳазор Ҷаҳд Бикардам Ки Ёри Ман Бошӣ,

Ҳазор ҷаҳд бикардам ки ёри ман бошӣ,
Муродбахши дили беқарори ман бошӣ.
Чароғи дидаи шабзиндадори ман гардӣ,
Аниси хотири уммедвори ман бошӣ.
Чу хусравони малоҳат ба бандагон нозанд,
Ту дар миёна худовандгори ман бошӣ.
Аз он ақиқ ки хунин дилам зи ишваи ӯст,
Агар кунам гилае, ғамгусори ман бошӣ.
Дар он чаман, ки бутон дасти ошиқон гиранд,
Гарат зи даст барояд, нигори ман бошӣ.
Шабе ба кулбаи эҳзони ошиқон оӣ,
Даме аниси дили сугвори ман бошӣ.
Шавад ғазолаи хуршед сайди лоғари ман,
Гар оҳуе чу ту як дам шикори ман бошӣ.
Се бӯса к-аз ду лабат кардай вазифаи ман,
Агар адо накунӣ, қарздори ман бошӣ.
Ман ин мурод бибинам ба худ, ки ними шабе
Ба ҷои ашки равон дар канори ман бошӣ.
Ман арчи Ҳофизи шахрам, ҷаве намеарзам,
Магар ту аз карами хеш ёри ман бошӣ.
Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *