САПЕДА – Лоик Шерали

САПЕДА

Нигоҳат оташин бошад, париҷон.
Лабонат ангубин бошад, париҷон.
Ҳамон як бӯсаи аввал, ки додӣ,
Мабодо охирин бошад, париҷон.

Сапеда медамад, ёрам, сапеда.
Намирам кошки рӯят надида.

Ҷавону шӯху ширинӣ, париҷон.
Ба сони байти гулчинӣ, париҷон.
Ман аз андӯҳи рӯзафзун бимирам,
Агар бо чашми кам бинӣ, париҷон.

Сапеда медамад, ёрам, сапеда.
Намирам кошки рӯят надида.

Бақои як шарар дорам, париҷон.
Сафои як саҳар дорам, париҷон.
Ту ғофил магзар аз ишқи дили ман,
Ки умри даргузар дорам, париҷон.

Сапеда медамад, ёрам, сапеда.
Намирам кошки рӯят надида.

[1982]

Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *