Аз кӯҳ санге чун фитад, сад сангро беҷо кунад, – Лоик Шерали

Аз кӯҳ санге чун фитад, сад сангро беҷо кунад,
Марде чу номардӣ кунад, сад мардро расво кунад.
Нодон чу доноӣ кунад, аҳсан бигӯемаш ҳама,
Аммо чӣ битвон кард агар нодоние доно кунад?
Шавқе агар саркӯб шуд, нохуб шуд, нохуб шуд,
Аз кӯрзавқе дод, агар истеза бо бино кунад!
Ҳар кас тавонад рӯдро бо ҷӯйҳо созад ҷудо,
Он кист, к-аз дарёдилӣ як қатраро дарё кунад?
Ҳар кас тавонад мурдаро бар хок биспорад, вале,
Он кист хоки мурдаро тоҷи сари дунё кунад?
Ман бо касе ҳамдостон, эй дӯстон, эй ростон,
К-имрӯзи худро зинае то қуллаи фардо кунад.
[1973]
Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *