Аз саманди замон пиёда шудам, – Лоик Шерали

Аз саманди замон пиёда шудам,
Пиру афгору уфтода шудам.
Ҷодаи шаҳр буд пур аз ман,
Ин замон бартараф зи ҷода шудам.
Дод, эй дод, чӯҷаи хомак,
Ки ту парвозиву ман ода шудам.
Ҷурми ман нест, ҷурми ин дунёст,
Ки сари хам зи хумми бода шудам.
Аз нажоди бузурги ман ту мапурс,
Бенажоде зи бенажода шудам.
Лодахандии халқи худ дидам,
Бо бузургии хеш лода шудам.
Эй басо шеъри норасо гуфтам,
Баски худ норасид зода шудам.
11.02.1998
Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *