Ёри дурафтодаи ман, боз наздикам биё, – Лоик Шерали

Ёри дурафтодаи ман, боз наздикам биё,
Лоиқи табрикам ин дам, баҳри табрикам биё.
То набошад зиндагият баъд аз ин аз бад батар,
Ман ҳанӯз он хостгори қисмати некам, биё.
Рӯзҳоямро сияҳ кардӣ ба ҳусни равшанат,
Эй ягона шуълаи шабҳои торикам биё.
Аз дағалбозии дунё дар мағал афтодаам.
Эй адофаҳми ҳама эҳсоси борикам биё.
Ҳеҷ кас неку бадамро чун ту таҳдоне набуд,
Гар бадам ман аз ҳама ё аз ҳама некам, биё!
[1986]
Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *