Ман он дунёи нофармон, ки аз дунё наметарсам, – Лоик Шерали

Ман он дунёи нофармон, ки аз дунё наметарсам,
Ман он дарёи пуртӯфон, ки аз маҷро наметарсам.
Ман он вулқони эҳсосам, ки андар хеш меҷӯшам,
Зи сели оташу вулқони оташзо наметарсам.
Маро як дӯст аз сад лашкари пуршӯр пурзӯр аст,
Зи бадхоҳон намеваҳмам, зи душманҳо наметарсам.
Гар имрӯзам даре бар манзари фардо набикшояд,
Ман аз имрӯз метарсам, ман аз фардо наметарсам.
Маро бимест дар роҳи равон ногаҳ зи по афтам,
Гар афтам аз фалак ҳамчун фалакпаймо, наметарсам.
Ҷаҳон ҳар лаҳза бими марг ангезад вуҷудамро,
Ман аз танҳоӣ метарсам, тани танҳо наметарсам.
[1986]
Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *