На ғаму дард орзу дорам, – Лоик Шерали

На ғаму дард орзу дорам,
На дили сард орзу дорам
Душманонам заифу номарданд,
Душмани мард орзу дорам.
Осмон ос мекунад моро,
З-осиё гард орзу дорам.
Ба касоне, ки рӯз бадбахтанд,
Бахти шабгард орзу дорам.
Дарди ман мекашанд ҳамдардон,
Бахти ҳамдард орзу дорам.
Мисли худ покбозу покимон
Як ҷавонмард орзу дорам.
[1988]
Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *