На Сосон, на Кӯшони миллат шудем, – Лоик Шерали

На Сосон, на Кӯшони миллат шудем,
Адӯи Сурӯшони миллат шудем.
Ҳама об андар даҳан будаем,
Яке деги ҷӯшони миллат шудем.
Ситезону ғуррон чу шери яла
Ба қасди хамӯшони миллат шудем.
Агар хуни ангур мехурдаем,
Зи хунобанӯшони миллат шудем.
Зи ҷомасафедон напазруфта панд
Сияҳҷомапӯшони миллат шудем.
Агар табли озодӣ мекӯфтем,
Зи пунбабагӯшони миллат шудем.
Дар охир чу дидем ҳеҷему пуч
Зи нарговдӯшони миллат шудем.
Ҷаҳидем боре чу бабри яла
Сипас мурдамушони миллат шудем.
Насиҳатниюше набудем бас,
Ки лаънатниюшони миллат шудем.
Бикардем хоки Ватан пур зи наъш,
Ҷанозафурӯшони миллат шудем.
17.02.1994 – Бемористон
Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *