Сад баҳрро гузаштаму дар соҳилам ҳанӯз, – Лоик Шерали

Сад баҳрро гузаштаму дар соҳилам ҳанӯз,
Сад боғ мева чидаму беҳосилам ҳанӯз.
Сад бандро кушодаму растам зи сад бало,
Накшодааст уқдаи банди дилам ҳанӯз.
Сад марг пушти сар шуду сад дард зери по,
Дар ҳифзи хеш он қадар ноқобилам ҳанӯз.
Бишнида асрҳои аср андарзи шоирон,
Касби камол кардаву нокомилам ҳанӯз.
Як умр роҳ ҷуставу як ҷо ситодаам,
То осмон паридаву по дар гилам ҳанӯз.
[1979]
Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *