Чаро ҳаёт ҳар нафас туро азоб медиҳад, – Лоик Шерали

Чаро ҳаёт ҳар нафас туро азоб медиҳад,
Чу неши гозанбурат ҳазор тоб медиҳад?
Чаро ба рӯзҳо туро шиканҷакӯб мекунад,
Валек бахти нақдро фақат ба хоб медиҳад?
Чаро ба чанги дардҳо дили ту об мекунад,
Вале ба рӯзи вопасин ду қатра об медиҳад?
Чаро ба роҳи пириву шикастагиву хастагӣ
Ҷавонии ту мехурад, дили хароб медиҳад?
Чаро ҳамора мекушад тамоми ормони ту,
Вале ҳазор ташнагӣ зи инқилоб медиҳад?
Чаро ниҳоли қоматат хамонда зери бори ғам,
Гаҳ изтироб медиҳад, гаҳ эҳтисоб медиҳад?
Чаро миёни шаш ҷиҳат ба як ҷиҳат намерасӣ,
Агарчи ҳар даме туро дами шитоб медиҳад?
Чаро ба мулки орзу, ба чорсӯи ҷустуҷӯ
Умеди фатҳ медиҳад, на фатҳи боб медиҳад?
Чаро хаёли нозукат ба нозуке намерасад,
Тараб ҳамеситонаду туро туроб медиҳад?
Чаро-чаро чӣ мекунӣ, азизи ман, бирав бихусп,
Ба кулли ин суолҳо аҷал ҷавоб медиҳад…
[1988]
Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *