Бидруд оташи дилам! Бидруд, ошиқӣ! – Лоик Шерали

Бидруд оташи дилам! Бидруд, ошиқӣ!
Бидруд саргаронии девонавори ман!
Акнун даруни синаам ҷуз оҳи сард нест,
Бидруд, ҷонфишонии парвонавори ман!

Дигар ба пурсиши дилам дар хобҳои ман
Шабҳо ба рӯи бистарам н-ояд фариштае.
Дигар зи ман намерасад бар дасти он нигор
Дилномаҳои бо ғами ширин навиштае.

Дигар зи оташи дилам номе намондааст
Ҷуз чанд пора коғази оташгирифтае.
Дигар намондааст ба боғи умеди ман
Ҷуз чанд доғи аз ғами дерин шукуфтае.

Дигар садои ишқи ман ҷое намерасад,
З-ин баъд шеърҳои ман фарёди бекасист.
Дигар фазои синаи ман абрбаста аст,
Гулдони хотирам пур аз гулҳои коғазист.

Акнун малул бигзарам аз кӯчаҳои шаҳр,
Ҳар кӯча ёд медиҳад аз гирудори ишқ.
Акнун базӯр бигзарам аз кӯчаҳои шаҳр –
Маҷрӯҳи тирхурдае дар корзори ишқ…

Акнун равонам аз маҳалли бурду бохтҳо,
Аз байни зочабозии бесуди зиндагӣ.
Ҳарчанд бурду бохтҳо хоҳанд боз буд
То вопасин дақиқаи бидруди зиндагӣ.

Бидруд, номаҳои пур аз оташи дарун,
Бидруд, ҳар чӣ доштам, то буд ошиқӣ!
Бидруд, ваъдаҳои фиребои дилнавоз,
Бидруд, оташи дилам! Бидруд, ошиқӣ!

[1997]

Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *