Буте К-Ӯ Зуҳраву Маҳро Ҳама Шаб Шева Омӯзад – Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ

Буте, к-ӯ Зуҳраву маҳро ҳама шаб шева омӯзад,
Ду чашми ӯ ба ҷодуйӣ ду чашми чарх бардӯзад!
Шумо дилҳо нигаҳ доред, мусалмонон, ки ман боре
Чунон омехтам бо ӯ, ки дил бо ман наёмезад!
Нахуст аз ишқи ӯ зодам, ба охир дил бад-ӯ додам,
Чу мева зояд аз шохе, аз он шох андаровезад!
Зи соя худ гурезонам, ки нур аз соя пинҳон аст,
Қарораш аз куҷо бошад, касе, к-аз соя бигрезад?!
Сари зулфаш ҳамегӯяд: “Сало зутар расанбозе!”,
Рухи шамъаш ҳамегӯяд: “Куҷо парвона, то сӯзад?!”
Барои ин расанбозӣ диловар бошу чанбар шав,
Дарафкан хеш дар оташ чу шамъи ӯ барафрӯзад!
Чу завқи сӯхтан дидӣ, дигар нашкебӣ аз оташ,
Агар оби ҳаёт ояд, туро з-оташ наянгезад!
Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *