Самоъ Аз Баҳри Ҷони Беқарор Аст – Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ

Самоъ аз баҳри ҷони беқарор аст,
Сабук барҷаҳ, чи ҷойи интизор аст?!
Машин ин ҷо ту бо андешаи хеш,
Агар мардӣ, бирав он ҷо, ки ёр аст!
Магӯ, бошад, ки ӯ моро нахоҳад,
Ки марди ташнаро бо ин чӣ кор аст?!
Ки парвона наяндешад зи оташ,
Ки ҷони ишқро андеша ор аст!
Чу марди ҷанг бонги табл бишнид,
Дар он соъат ҳазорон дар ҳазор аст!
Шунидӣ табл, баркаш зуд шамшер,
Ки ҷони ту ғилофи Зулфиқор аст!
Бизан шамшеру мулки ишқ бистон,
Ки мулки ишқ мулки пойдор аст!
Ҳусайни Карбалойӣ, об бигзор,
Ки об имрӯз теғи обдор аст!
Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *