Саҳаре Чу Шоҳи Хубон Ба Висоқи Мо Даромад – Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ

Саҳаре чу шоҳи хубон ба висоқи мо даромад,
Ба мисоли соқиён ӯ ба сабӯву соғар омад!
На сабӯйи ӯ бидидам, на зи соғараш чашидам,
Ки ҳазор мавҷи бода ба димоғи ман баромад!
Бикушод ин димоғам пару боли бениҳоят,
Ки ба офтоб монад, ки ба моҳу ахтар омад!
Ба муборакиву шодӣ чу ҷамоли ӯ бидидам,
Зи ҷамоли ӯ ду дида зи ду кавн бартар омад!
Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *