Хилофи Шарти Муҳаббат Чӣ Маслиҳат Дидӣ,

Хилофи шарти муҳаббат чӣ маслиҳат дидӣ,
Ки баругзаштию аз дӯстон напурсидӣ!
Гирифтамат, ки наёмад зи рӯи халқ озарм,
Ки бе гунаҳ бикушӣ, аз Худо натарсидӣ?!
Бипӯш рӯн нигорину зулфи мушкинро,
Ки ҳусни талъати хуршедро бипӯшидӣ!
Ҳазор бедили муштоқро ба ҳасрати он,
Ки лаб ба лаб расадат, ҷон ба лаб расонидӣ!
Маҳаллу қиматн хеш он замон бидонистам,
Ки баргузаштию моро ба ҳеҷ нахаридӣ.
Ҳазор бор бигуфтему ҳеҷ суд надошт,
Ки гирди ишқ магард, эй фақиру гардидӣ!
Туро маломати риндону ошиқон, Саъдӣ,
Дигар ҳалол набошад, ки худ билағзидӣ!
Ба теғ мезаду мерафту боз менигарист,
Ки тарки ишқ нагуфтӣ, сазои худ дидӣ!
Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *