Маст Омад Дилбарам То Дил Барад Аз Бомдод – Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ

Маст омад дилбарам, то дил барад аз бомдод,
Ай мусалмонон, зи дасти маст дилбар дод, дод!
Дӣ дили ман меҷаҳиду ҳар ду чашмам мепарид,
Гуфтам: “Ин дил то чӣ бинад в-ин ду чашмам бомдод?!”
Бомдодон андар ин андеша будам, ногаҳон
Ишқи ту дар сурати маҳ пешам омад, шод бод!
Ман кӣ бошам?! Боду хоку обу оташ масти ӯст!
Оташи ӯ то чӣ орад бар ману бар хоку бод?!
Ишқ аз ӯ обистан асту ин чаҳор аз ишқи ӯ,
Ин ҷаҳон з-ин чор зоду в-ин чаҳор аз ишқ зод!
Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *