Ман Он Наям, Ки Дил Аз Меҳри Дӯст Бардорам,

Ман он наям, ки дил аз меҳри дӯст бардорам,
Агар зи кинаи душман ба ҷон расад корам.
На рӯи рафтанам аз хоки остонаи дӯст,
Наэҳтимоли нишастан, на пои рафторам!
Куҷо равам, ки дилам пойбанди меҳри касест,
Сафар кунед рафиқон, ки ман гирифторам!
На ӯ ба чашми иноят назар ба ҷониби мо
Намекунад, ки ман аз заъф нопадидорам.
Агар ҳазр тааннут кунию таъна занӣ,
Ман ин тариқи муҳаббат зи даст нагзорам!
Маро ба манзари хубон, агар набошад майл,
Дурусг шуд ба ҳақиқат, ки нақши деворам.
Дар он қазия, ки бо мо ба сулҳ бошад дӯст,
Агар ҷаҳон ҳама душман шавад, чӣ ғам дорам?
Ба ишқи рӯи ту иқрор мекунад Саъдӣ,
Ҳама ҷаҳон бадар оянд, гӯ, ба инкорам!
Куҷо тавонамат инкори дӯстӣ кардан,
Ки оби дида гувоҳӣ диҳад ба иқрорам.
Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *