Дӯст Медорам Ман Ин Нолидани Дилсӯзро

Дӯст медорам ман ин нолидани дилсӯзро
То ба ҳар навъе, ки бошад, бигзаронам рӯзро!
Шаб, ҳама шаб, интизори субҳрӯе меравад,
К-он сабоҳат нест ин субҳи ҷаҳонафрӯзро.
Ваҳ, ки гар ман боз бинам чеҳри меҳрафзои ӯ,
То қиёмат шукр гӯям толеи пирӯзро.
Гар ман аз санги маломат рӯй барпечам, занам!
Ҷон сипар карданд мардон новаки дилдӯзро!
Комҷӯёнро зи нокомй чашидан чора нест,
Бар зимистон сабр бояд толиби наврӯзро.
Оқилони хӯшачин аз сирри Лайлӣ ғофиланд,
Ин каромат нест ҷуз Маҷнуни хирмансӯзро!
Ошиқони дину дунёбозро хосиятест,
К-он набошад зоҳидони молу ҷоҳандӯзро.
Дигареро дар каманд овар, ки мо худ бандаем,
Ресмон дар пой ҳоҷат нест дастомӯзро!
Саъдиё, дӣ рафту фардо ҳамчунон мавҷуд нест,
Дар миёни ину он фурсат шумор имрӯзро!
Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *