Эй Боди Субҳдам, Хабари Дилситон Бигӯй!

Эй боди субҳдам, хабари дилситон бигӯй!
Васфи ҷамоли он бути номеҳрубон бигӯй!
Бигзор мушк, бӯи сари зулфи ёр биёр!
Ёди шакар макун, сухане з-он даҳон бигӯй!
Бастам ба ишқи мӯи миёнаш камар чу мӯ,
Гар вақт ёбӣ, ин сухан андар миён бигӯй!
Бо булбулони сӯхтаболи замири ман
Пайгоми он ду тӯтии шаккарфишон бигӯй!
Донам, ки боз бар сарои кӯяш гузар кунӣ,
Гар бишнавад, ҳадиси ман андар ниҳон бигӯй.
К-эй дил рабуда аз бари ман, ҳукм аз они туст,
Гар низ гӯиям ба масал, тарки ҷон бигӯй!
Ҳар лаҳза рози дил ҷаҳадам бар сари забон,
Дил метапад, ки «умр бишуд, вораҳон бигӯй!»
Рози дил аз забон нашавад ҳаргиз ошкор,
Гар дил мувофиқат накунад, к-«эй забон бигӯй!»
Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *