Пайванди рӯҳ кардӣ, пайғоми дӯст додӣ.
Бар бӯстон гузаштӣ ё дар биҳишт будӣ?
Шод омадию хуррам, фархунда бахт бодӣ!
То ман дар ин сароям ин дар надида будам,
К-имрӯз пеши чашмам дар бӯстон кушодӣ.
Чун гул раванду оянд ин дилбарону хубон,
Ту дар баробари ман чун сарв истодн.
Аввал чароғ будӣ в-оҳиста шамъ гаштӣ,
Осон туро гирифтам, дар хирман уфтодӣ.
Айдун, ки менамояд дар рӯзгор ҳуснат,
Бас фитнаҳо физояд, ту – фитна аз кӣ зодӣ?
Хоҳам, ки бомдоде берун равб ба саҳро,
То бӯстон бирезад гулҳои бомдодӣ…
Ёре, ки бо қарине улфат гирифта бошад,
Ҳар вақт ёдаш ояд, ту дам ба дам ба ёдӣ.
Гар дар ғамат бимирам, шодӣ ба рӯзгорат,
Пайваста некувонро ғам хӯрдаанду шодӣ.
Ҷое, ки доғ гирад, дардаш даво пазирад,
Илло, ки доғи Саъдӣ, к-аввал назар ниҳодӣ!