Шунидаам Cухане Хуш, Ки Пири Канъон Гуфт,

Шунидаам cухане хуш, ки пири Канъон гуфт,
Фироқи дӯст на он мекунад, ки битвон гуфт.
Ҳадиси ҳавли қиёмат, ки гуфт воизи шахр,
Киноятест, ки аз рӯзгори ҳиҷрон гуфт.
Нишони ёри сафаркарда аз кӣ пурсам боз,
Ки ҳар чӣ гуфт бариди сабо, парешон гуфт.
Фиғон, ки он маҳи номеҳрубони меҳргусил,
Ба тарки сӯҳбати ёрони худ чӣ осон гуфт.
Ману мақоми ризо баъд аз ину шукри рақиб,
Ки дил ба дарди ту хӯ карду тарки дармон гуфт.
Ғами куҳан ба маи солхӯрда дафъ кунед,
Ки тухми хушдилӣ ин асту пири деҳқон гуфт.
Гиреҳ ба бод мазан, гарчи бар мурод равад.
Ки ин сухан ба масал мӯр бо Сулаймон гуфт:
«Ба ишвае, ки сипеҳрат диҳад, зи роҳ марав,
Туро кӣ гуфт, ки ин Зол тарки Дастон гуфт».
Мазан зӣ чуну чаро дам, ки бандаи муқбид,
Қабул кард ба ҷон ҳар сухан, ки ҷонон гуфт.
Кӣ гуфт Ҳофиз аз андешаи ту омад боз,
Ман ин нагуфтаам, он кас, ки гуфт, бӯҳтон гуфт.
Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *