То Зи Майхонаву Май Ному Нишон Хоҳад Буд,

То зи майхонаву май ному нишон хоҳад буд,
Сари мо хоки раҳи пири муғон хоҳад буд.
Ҳалкаи пири муғон аз азалам дар гӯш аст,
Бар ҳамонем, ки будему ҳамон хоҳад буд.
Бар сари турбати мо чун гузарӣ, ҳиммат хоҳ,
Ки зиёратгаҳи риндони чаҳон хоҳад буд.
Бирав, эй зоҳиди худбин, ки зи чашми ману ту,
Рози ин парда ниҳон асту ниҳон хоҳад буд.
Турки ошиққуши ман маст бурун рафт имрӯз,
То дигар хуни кӣ аз дида равон хоҳад буд.
Чашмам он дам, ки зи шавқи ту ниҳад сар ба лаҳад.
То дами субҳи Қиёмат нигарон хоҳад буд.
Бахти Ҳофиз гар аз ин гуна мадад фармояд,
Зулфи маъшуқа ба дасти дигарон хоҳад буд.
Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *